Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамла ба Людмила Алекссева таҳқиқ мешавад


Алайҳи марде, ки дирӯз ба ҳомии ҳуқуқи башар ва раиси “Гурӯҳи Ҳелсинки”-и Маскав Людмила Алексеева ҳамла кард, парвандаи ҷиноӣ боз шуд. Ба иттилоъи раёсати умури дохилаи шаҳри Маскав, тафтишоти ин ҳодиса шурӯъ шудааст ва ҳамлагар Константин Переверзнев то мурофиаи додгоҳӣ дар боздоштгоҳ нигаҳ дошта хоҳад шуд. Ӯ ба сари Людмила Алексееваи 82-сола замоне бо мушт зад, ки ин ҳомии ҳуқуқи башар дар истгоҳи метрои “Парк культуры” ба ёди қурбониёни таркишҳои ахир гул мегузошт. Переверзнев дар ҷойи ҳодиса боздошт шуд. Пайвандони Людмила Алексеева мегӯянд, ки ӯ аз дарди сар шикоят мекунад.
Созмони дидбони ҳуқуқи башар Human Rights Watch ҳамла ба Людмила Алексееваро шадидан маҳкум кард. Эллисон Ҳилл, раиси дафтари HRW дар Маскав ин ҳамларо бо фаъолияти раиси “Гурӯҳи Ҳелсинки”-и Маскав дар бахши дифоъ аз ҳуқуқи башар марбут намуд.
XS
SM
MD
LG