Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Human Rights Watch ҳамла ба Алексееваро маҳкум кард


Созмони дидбони ҳуқуқи башар Human Rights Watch ҳамла ба раиси “Гурӯҳи Ҳелсинки”-и Маскав Людмила Алексееваро шадидан маҳкум кард. Дирӯз як мард замоне ба сари Людмила Алексееваи 82-сола бо мушт зад, ки ӯ дар истгоҳи метрои “Парк культуры” ба ёди қурбониёни таркишҳои ахир гул мегузошт. Эллисон Ҳилл, раиси дафтари Human Rights Watch дар шаҳри Маскав ин ҳамларо бо фаъолияти Алексеева дар бахши дифоъ аз ҳуқуқи башар марбут намуд.
XS
SM
MD
LG