Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Ҳаитӣ кумак мерасонад


Кишварҳову созмонҳои байналмилалӣ ваъда доданд, ки барои эҳёи Ҳаитии аз заминларзаи мудҳиш осебдида тақрибан 10 миллиард доллар ҷудо хоҳанд кард. Дар ин бора Дабири кулли СММ Бан Ки Мун дар конфаронси байналмилалӣ оид ба кумак ба Ҳаитӣ хабар дод, ки дирӯз дар Ню Йорк баргузор шуд. Ба гуфтаи ӯ, беш аз панҷ миллиард доллар тайи ду соли наздик тахсис дода мешавад ва маблағи боқимонда - баъд аз як соли дигар. Гуфта мешавад, ки ин маблағ хело бештар аз дархости ҳукумати Ҳаитӣ мебошад.
Бар асари заминларзаи мудҳиш, ки 12 январи соли равон дар Ҳаитӣ рӯх дод, тақрибан 220 ҳазор нафар ба ҳалокат расида, беш аз як миллион нафари дигар бехонумон шудаанд. Иқтисоди Ҳаитӣ қариб, ки комилан фалаҷ шудааст.
XS
SM
MD
LG