Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҷрӯҳон аз Қизлар ба Махачқалъа интиқол ёфтанд


17 тан аз маҷрӯҳон дар ҳамлаи террористӣ дар шаҳри Қизляри Доғистон, як ҷумҳурии воқеъ дар минтақаи Қафқози шимолии Русия, тавассути чархболҳо ба бемористонҳои шаҳри Махачқалъа интиқол дода шуданд. Бар асари таркишҳо дар ин шаҳр дар субҳи рӯзи чаҳоршанбе 12 нафар, аз ҷумла, ду маргталаб, кушта шуда ва 37 нафар ҷароҳат бардоштаанд. Бештари қурбониёни осебдидагон – кормандони милисаи ҷумҳурии Доғистонанд. Дар ин ҳодиса раиси милисаи шаҳри Қизляр низ ба ҳалокат расидааст.
Дмитрий Медведев, раисиҷумҳури Русия, таркишҳо дар Маскав ва Қизлярро “ҳалқаҳои як занҷир” номид.
XS
SM
MD
LG