Пайвандҳои дастрасӣ

Доку Умаров масъулияти таркишҳоро бар дӯш гирифт


Масъулияти инфиҷорҳои пурқурбонӣ дар истгоҳҳои метрои шаҳри Маскавро раҳбари ҷудоихоҳони чечен Доку Умаров бар дӯш гирифт. Дар як паёми видеоӣ тавассути Интернет, Умаров, ки худро “амири Аморати Қафқоз” мехонад, инфиҷорҳоро бо амалиёти нерӯҳои қудратии Русия дар Қафқози шимолӣ марбут кард. Ӯ ҳушдор дод, ки Русияро ҳамлаҳои нав интизоранд. Субҳи рӯзи 29 март бар асари ду таркиш дар истгоҳҳои метрои “Лубянка” ва “Парк культуры” 39 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 80 нафар ҷароҳат бардоштаанд. Миёни қурбониён се шаҳрванди Тоҷикистон низ ҳастанд.
Дирӯз дар Маскав ва бархе аз вилоятҳои Русия маросими видоъ бо қурбониёни ин ҳамлаҳои террористӣ баргузор шуд. Ба иттилоъи сафорати Тоҷикистон дар Маскав, ин субҳ бояд ҷасади яке аз қурбониёни таркишҳо, сокини ноҳияи Турсунзода Исломҷон Эшназаров, тавассути ҳавопаймо ба Тоҷикистон интиқол ёбад. Шоҳини Самад, корманди сафорат, ба мо хабар дод, ки дар сурати омода шудани асноди зарурӣ ҷанозаи Умед Абдураҳмонов ва Нодирбек Қаршиев ҳам дар наздиктарин фурсат ба ватан фиристода мешавад.
XS
SM
MD
LG