Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Белгия пӯшидани бурқа ё ниқобро манъ мекунанд


Кумитаи адлия ва умури дохилии порлумони Белигия имрӯз тарҳи қонунеро ба тасвиб расонд, ки тибқи он пӯшидани бурқа, ниқоб ё худ фаранҷиро дар ҷойҳои ҷамъиятӣ манъ мекунад.

Тарҳи ин қонунро ҳамаи панҷ аъзои эътилофи аҳзоби ҳукумрони Белгия дастгирӣ намуданд.

Кумитаи адлия ва умури дохилӣ тасмим гирифт, ки лоиҳаи қонун бояд барои тасвиб ба порлумон ироъа шавад. Интизор меравад овоздиҳӣ дар ин мавзӯъ моҳи апрел доир шавад.

Агар парулмон ин тарҳро ба тасвиб расонад, ин нахустин қонуни фарогир алайҳи ба сар кардани бурқа ё ниқоб дар Аврупо хоҳад буд.

Ниқоб тамоми рӯи занро пинҳон карда бурқа либоси занонаест, ки тани занро аз сар то ба по мепушонад.

Тибқи ин лоиҳаи қонуни Белгия занҳо ҳақ нахоҳанд дошт фаранҷиро дар маҳалҳои оммавӣ, назири хиёбонҳо, боғҳҳои истироҳатии мардум, варзишгоҳҳо ва дар биноҳои ҳукумативу оммавӣ ба бар кунанд.

Тарҳи қонун бо ташаббуси Ҳизби либералии Белгия, Ҷунбиши ислоҳотталаб ба парлумон пешкаш шуда буд. Раҳбари ин ҳизб Даниел Бакулайн зарурати тасвиби қонунро ба телевизиони Белгия чунин шарҳ дод: “Ҳеҷ кас ҳақ надорад талаб кунад, ки рӯи дигар шахсро бубинад, то даме, ки рӯи худаш пинҳон бошад. Ман фикр мекунам, ки ин ҳамчунин ба нангу номуси инсон рабт дорад, “ҳабс” шудани занд дар зери бурқа дар ҷомеъаи мутамаддин ғайри қобили қабул аст”.

Ин гоми парлумони Белгия ба думболи тасмими баҳсбарангези Шӯрои мактабҳои минтақаи Фландерс бардошта шуд. Шӯрои мактабҳои Фландерс пӯшидани руйсариҳои исломиро дар мадориси давлатӣ манъ карда буд.

Он замон мақоми аршади Шӯрои давлатӣ, додгоҳи олии идории кишвар, ба мактабҳои Белгия ҳушдор дода буд, ки бо ҷорӣ намудани чунин таҳрим онҳо аз чаҳорчӯби салоҳиятҳои худ берун мераванд ва ҳафтаи гузашта Шӯро ин қоидаро лағв намуд.

Интизор меравад, қонун алайҳи бурқа ва ниқоб бо мухолифати ҷомеъаи бузурги Белгия рӯбарӯ шавад.

Вакили парлумон аз ҳизби Ҷунбиши ислоҳоталаб, Даниел Дюкарм, яке аз муаллифони лоиҳаи қонун, ба радиёи Озодӣ гуфт, он ашхосеро, ки қонуни навро вайрон кунанд кадом муҷозот интизор аст: “Дар қонун ҷаримаҳо аз 15 то 25 евро ва ё ҳабси муваққатӣ ба мӯҳлатҳои аз як то ҳафт рӯз пешбинӣ шудааст. Қозии додгоҳ тасмим мегирад, ки шахсро чи гуна ҷазо диҳад бо ҷарима ё бо мӯҳлате пушти панҷара. Ин муҷозотро намешавад дар якҷоягӣ истифода бурд. Агар шахс қоунро бори дуввум вайрон кунад, пас қозӣ метавонад ин шахсро ба зиндон равона кунад.”

Дюкарм гуфт, пӯшидани бурқа дар Белгия сол аз сол афзоиш меёбад ва ҳизбаш бовар надорад, ки ин тарзи либоспушӣ бо талаботи ҷомеъаи имруз ва ё бо талаботи амнияти умумӣ ҳамоҳанг мешавад.

Баҳсҳо дар атрофи либоси анъанавии исломӣ дар Аврупо солҳои охир рӯ ба афзоиш ниҳод. Шумори зиёди аврупоиҳо бар ин назаранд ки бурқа ба ифротгароёни исломӣ мансуб аст.

Раисиҷумҳури Фаронса Никола Саркозӣ гуфта буд, ки ба либосе, ки рӯи инсонро мепӯшад ва ба муайян намудани ҳуввияташ халал мерасонад, дар ҷомеаи дунявии Фаронса ҷой нест.

Бо вуҷуди ин машварати кумитаи порулмони Фаронса барои манъи пӯшидани бурқа дар ниҳодҳои оммавӣ, он аз ҷониби Шӯрои давлатии Фаронса дастгирӣ пайдо накард.

Дар гузориши Шӯро, ки 30 март интишор шуд, гуфта мешавад, ин кор таҳдид ба ҳуқуқест, ки онҳоро ҳам Қонуни асосии Фаронса ва ҳам Конвентсияи Ҳуқуқи инсони Аврупо замонат медиҳад.


Имкони ҷоришавии қонуне, ки пӯшидани бурқаро манъ кунад дар кишварҳои мухталиф назири Ҳоланд, Австрия ва Дания мавариди омӯзиш қарор гирифтааст.
XS
SM
MD
LG