Пайвандҳои дастрасӣ

Намояндагони Ҷунбиши муҳитзистии Ӯзбакистон дар вилояти Сурхундарёи ҳаммарз бо Тоҷикистон роҷеъ ба таъсири партобҳои ТАЛКО ё корхонаи алюминиюми Тоҷикистон бо сокинони маҳаллӣ саргарми гуфтугӯ мебошанд.

Мулоқоти фиристодаҳои Ҷунбиши зистмуҳитии Ӯзбакистон, ки 15 вакил дар полумони он кишвар низ дорад, дар ҳоле анҷом мегирад, ки дар ин рӯзҳо дар ҳамин манотиқ аҳолии маҳаллӣ бо шиорҳои зидди Талко даст ба тазоҳуроти эътирозӣ задаанд.

Ба ақидаи коршиносон, чунин тазоҳурот дар кишваре анҷом мегирад, ки мақомоти расмии ин кишвар дар ҳар шаҳр ё ноҳияи ин кишвар тазоҳуроти мардумиро мамнӯъ кардаанд ва дар сурати баргузории ҳамоише онро пароканда ё саркӯб мекунанд.

Дар хабарҳое, ки сафҳаи интернетии Ҷунбиши зистмуҳитии Ӯзбакистон чоп кардааст, гуфта мешавад, ки ин тазоҳурот худҷӯш аст ва мардум, ба вижа ҷавонон, худашон бо шиорҳои зидди Талко ба тазоҳурот даст задаанд.

Тазоҳуроти худҷӯш?

Дар ин тазоҳурот донишҷӯёни донишгоҳи Термиз низ ширкат кардаанд. Яке аз мақомоти донишгоҳи Термиз, ки аз бурдани номаш худдорӣ кард, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ дар бораи худҷӯш будани тазоҳурот чунин гуфт: "Талабагон карданд инро. Онҳо худашон ба таври худҷӯш баромаданд. Ҳеҷ кас онҳоро водор накардааст. Худи талабагон бо ҳамин гуна палакатҳо баромаданд. Мо дар ин бора хабар ҳам надоштем".

Вале мулоқоту гуфтугӯҳои Ҷунбиши зистмуҳитии Ӯзбакистон дар ноҳияҳои вилояти Сурхундарё бо мақомоти маҳаллӣ ва аҳолии маҳал мантиқи худҷӯш будани ин тазоҳурот ва ҳамоишҳои дигари эътирозиро зери суол мебарад.

Ҷунбиши зистмуҳитии ин кишвар бо 15 нафар фаъолони худ ба раҳбарии Абдураҳим Қурбонов дар остонаи интихоботи порлумонии Ӯзбакистон ба раиси ҷумҳури Ӯзбакистон пешниҳод кард, ки агар онҳоро ба порламон роҳ диҳанд, ин ҷунбиш масъалаҳои муҳити зист дар Ӯзбакистонро ҳал хоҳад кард.

"Тазоҳурот бе розигии ҳукумат намешавад"

Мирзошариф Исломиддинов, раиси Кумитаи саноати порламони собиқи Тоҷикистон, ки дар таркиби камисюнҳои муштараки Ӯзбакистону Тоҷикистон борҳо дар ҳалли мубоҳисоти ҷонибҳо роҷеъ ба зарари корхонаи арзиз ба муҳити атроф ширкат кардааст, дар бораи тазоҳуроти эътирозии ноҳияҳои ҳаммарзи Ӯзбакистон бо Тоҷикистон чунин назар дорад.

Ӯ мегӯяд: "Мо медонем, ки дар ҷумҳурии Ӯзбакистон ягон гирдиҳамоӣ, ягон ҷамъшавӣ ва ягон чорабинӣ бе розигии ҳукумат намегузарад. Ин ҳама амалҳои тарафи Ӯзбакистон аст ва мо боварӣ дорем, ки баъд аз чанд муддат ин амалҳо ҳам хомӯш мешаванд".

Паём Фурӯғӣ, таҳлилгари умури минтақа низ, ки солҳо дар дафтари САҲА дар Душанбе кор кардааст, ин суханонро таъйид мекунад ва мегӯяд, бо вуҷуди ин ки мақомоти Ӯзбакистон мухолифи баргузории ҳар гуна тазоҳурот мебошанд, вале дар ин маврид онҳо манфиати худро матраҳ ва дар рақобатҳои миёни Ӯзбекистон ва Тоҷикистон, ки акнун шадидтар шудааст, аз омили тазоҳуроти мардумӣ истифода мекунанд.

Ӯ гуфт: "Агар давлат фикр кунад, ки тазоҳурот ба нафъи худаш аст, ҳатман ҳар кишваре иҷоза хоҳад дод. Вале масоили сиёсӣ пушти инҳо ҳаст".

Оқои Фурӯғӣ пешниҳод мекунад, ки бояд созмонҳои байналмиллалӣ ва ҷомеъаи маданӣ саъй кунанд, ки равобити ин ду кишварро беҳбуд бидиҳанд. Вай мегӯяд, дар Тоҷикистон ба сар бурдааст ва давлату мардуми Тоҷикистонро медонад, ки ба ин масъала ҳамеша нармиш нишон додаанд. Вале дар бораи нармиши ҷониби Ӯзбекистон мушкил метавон нукотеро ба забон овард.

Ҷура Юсуфӣ, таҳлилгари умури минтақа дар шимоли Тоҷикистон, ки ҳамеша масъалаҳои марбут ба равобити ин ду кишваро пайгирӣ мекунад, ба суханони устоди донишгоҳи Термези Ӯзбекистон дар бораи худҷӯш будани тазоҳуроти вилояти Сурхундарё бовар надорад ва чунин мегӯяд: “Тазоҳуроте, ки дар вилояти Сурхундарё дар шаҳрҳои Термиз, Деҳнав ва дигар минтақаҳои аслан тоҷикнишини Ӯзбакистон доир гардидааст, ба андешаи ман, намоишҳои тарҳрезишуда аз ҷониби ҳукумати Ӯзбакистон аст. Мо хуб медонем, ки дар ҷумҳури Ӯзбакистон ҳама гуна гирдиҳамоӣ, ҷамъомадҳо мамнуъ аст, масалан, агар се нафар дар Тошканд даври ҳам оянд, онҳоро ҳукумати Ислом Каримов ҳамон лаҳза пароканда мекунад".

Ба бовари оқои Юсуфӣ ин тазоҳуротро Ҷунбиши зистмуҳитии Ӯзбакистон созмон додааст: "Ҳукумати Ӯзбакистон бо эътои 15 мандати депутатӣ ба экологҳои худаш аз ҳамон вақт чунин нақшаҳо дошт".

Оқои Юсуфӣ меафзояд, ҳоло дар шаҳри Бекободи Ӯзбакистон дар марз бо ноҳияҳои Спитамену Масчоҳ ва Зафарободи Тоҷикистон як корхонаи бузурги оҳангудозии Ӯзбакистон воқеъ аст, ки зарари он ба муҳити зисти Тоҷикистон камтар аз зарари корхонаи алюмини Тоҷикистон ба Ӯзбакистон нест.

Вокуниши Тоҷикистон чӣ хоҳад буд?

Бо назардошти чунин масъалаҳо коршиносон роҳҳои ҳали сиёсӣ ва дипломатии муносиботи миёни Тоҷикистону Ӯзбакистонро пешниҳод мекунанд, на кашондани мардум ба хиёбонҳоро, ки имрӯз аз ин шева ҷониби Ӯзбакистон мехоҳад истифода кунад.

Коршиносон бар ин ақидаанд, ки дар сурати идомаи тазоҳуроти эътирозӣ дар Ӯзбакистон шояд дар Тоҷикистон низ одмоне пайдо шаванд, ки дар посух ба тазоҳуроти ҷониби Ӯзбакистон онҳо низ мардумро ба тазоҳурот даъват кунанд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG