Пайвандҳои дастрасӣ

Пулиси Русия ду тазоҳуротро пароканда кард


Пулиси Русия имрӯз тазоҳуроти эътирозии мухолифин дар Маскаву Санкт-Петербургро пароканда ва ҳудуди 30 тазоҳургарро боздошт кард. Дар Петербург тақрибан 200 нафар гирди ҳам омада буд. Дар маркази Маскав низ даҳҳо тан аз фаъолони мухолифин талош доштанд, бо вуҷуди манъи тазоҳурот аз сӯи мақомот, ташкили раҳпаймоӣ кунанд. Тазоҳуроти мухолифин ба нишони ҳимоят аз банди 31-уми Қонуни асосии Русия, ки ҳаққи мардум ба гирдиҳамоиҳоро замонат медиҳад, аз чанд моҳи қабл ба рӯзи 31 март тарҳрезӣ шуда буд.
XS
SM
MD
LG