Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Пуштибонии Туркия аз талошҳои Покистон


Раисиҷумҳури Туркия Абдуллоҳ Гул, ки бо як сафари чоррӯза дар Покистон ба сар мебарад, имрӯз дар пайи мулоқот бо ҳамтои покистониаш Осифалӣ Зардорӣ дар Исломобод гуфт, Анкара аз талошҳои Покистон дар роҳи пешбурди демократия, истиқрори сулҳу субот ва набард алайҳи терроризм ва ҷунбишҳои ифротгаро пуштибонӣ мекунад. Зардорӣ ба навбаи худ аз ҳимояти Покистон аз талошҳои Афғонистон дар амри расидан ба сулҳу пешрафт ҳарф зад. Туркия феълан дар Афғонистон ҳудуди 1700 сарбоз дорад, ки умдатан машғули барномаҳои тамринӣ ва бозсозии он кишвари ҷангзадаанд.
XS
SM
MD
LG