Пайвандҳои дастрасӣ

Муҳокимаи парвандаи ҳамлаҳои Мумбай ба поён расид


Додгоҳи вижае дар Ҳинд имрӯз муҳокимаи парвандаи ҳамлаҳои террористии Мумбайро ба поён овард. Ҳукми додгоҳ дар қиболи ин парванда ғолибан рӯзи 3 май эълон хоҳад шуд.
Танҳо нафаре ки аз миёни омилони ҳамлаи моҳи ноябри соли 2008 зинда монд ва ба додгоҳ эҳзор шуд, шаҳрванди Покистон Муҳаммадаҷмал Қассоб буд. Ду муттаҳами дигар аз атбоъи Ҳинданд, ки ба мусоидат ба таҳияи ин ҳамлаи хунин муттаҳам мешаванд. Дар ҳамлаҳои Мумбай 166 нафар, бо шумули 26 хориҷӣ кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG