Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин гурӯҳи мардикорон озими Саудӣ мешавад


Барои бори нахуст 350 муҳоҷири кории тоҷик рӯзҳои наздик барои кор ба Арабистони Саудӣ фиристода хоҳанд шуд.

Ин кор дар чаҳорчӯби шартномаи миёни хадамоти муҳоҷирати Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ва кумитаи миллии истихдом ба кори Арабистони Саудӣ, ки соли гузашта ба имзо расида буд, анҷом мегирад. Ин гурӯҳи муҳоҷирини тоҷикро ба Саудӣ ширкати тоҷикистонии «Замони Юнус» равон мекунад.

Лазиза Бурҳонова – муовини раҳбари намояндагии ин ширкат дар Хуҷанд, ба Озодӣ гуфт, ин гурӯҳи муҳоҷирин бештар аз ронандаҳо фароҳам шудааст. Вай афзуд, «мо маълумотнома дар бораи ин муҳоҷирини кориро дар вебсайти худ дар Арабистони Саудӣ ҷой додем. Он ҷониб нафарони зарурӣ барои худашро аз мо талаб мекунад ва мо онҳоро мефиристем.»

Хонум Бурҳонова афзуд, ки гурӯҳи аввали муҳоҷирини кории тоҷик курсҳои махсуси якмоҳаи омӯзиши забони арбӣ ва шиносоӣ бо кишвари Саудиро паси сар кардаанд.

Рӯзи чаҳоршанбеи 31–уми март намояндагони ширкати «Замони Юнус» дар зимни ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ дар маркази Хуҷанд корҷӯяндагонро барои кор дар 7 шаҳри Арабистони Саудӣ, аз ҷумла шаҳрҳои Маккаву Мадина даъват мекарданд.

Ба гуфтаи муовини раҳбари намояндагии ширкати мазкур, Арабистони Саудӣ шумораи зиёди ҷавонон ва ҷавонзанони тоҷики то 50-солаи умдатан дорои ихтисоси корҳои сохтмонӣ, табибон, ронандаҳо, мураббиҳоро ба кор мехонад. Як шарти аслӣ аз корхоҳон донистани забони арабӣ ё англисӣ ва донистани муҳит ва урфу одатҳои мардуми араб аст.

Хонум Бурҳонова афзуд, «таъмин бо ҷойи кор дар Саудӣ ва расонидан то он ҷоро ширкати мо бар ӯҳда мегирад. Аммо раҳкирои сафарро худи муҳоҷирон пардохт мекунанд. Дар Саудӣ муҳоҷир бо корфармо барои 1 сол шартномаи корӣ мебандад, ки рӯзи кории 8–соата ва як рӯзи истироҳат (ҷумъа), таъмин бо ҷойи хоб, суғуртаи тиббӣ, хӯроки се вақта, моҳонаи на камтар аз 350 долларро дарбар мегирад. Раҳкирои бозгашт ба Тоҷикистонро корфармо мепардозад.»

Ба гуфтаи вай, занони шавҳардор ва духтарон бо иҷозаи хаттии шавҳар ва ё дигар сарвари хонаводаи худ ҳаққи муҳоҷирати корӣ ба Саудиро пайдо мекунанд.

Ҳамасола ҳудуди 400 ҳазор сокини минтақаи шимолии Тоҷикистон барои марикорӣ ба кишварҳои Русияву Қазоқистон мераванд. Ва барои бори аввал самти нави алтернативӣ дар рӯ ба рӯи муҳоҷирини кории тоҷик боз шудааст. Оё ин пешниҳодро онҳо чӣ гуна қабул мекунанд?

Як сокини Хуҷанд Матлуба Каримова, ки бо барномаи муҳоҷирати корӣ ба Саъудӣ ошно мешуд, дар суҳбат ба Озодӣ гуфт, вай муаллимаи забони русӣ дар мактаби миёна буд, аммо аз камии моҳона тарк кард ва акнун ба худ кори нав меҷӯяд. Хонум Каримова афзуд, Саудӣ як кишвари мусалмонист ва дар муқоиса бо Русия аз нигоҳи ахлоқӣ ва урфу одат бо Тоҷикистон наздиктар аст. Ин хонум афзуд, вай розӣ аст дар кишвари арабӣ кор кунад, ба шарте ки шароити кории ваъдагиро воқеан фароҳам намоянд.

Вале як ҷавонмарди дигар, ки мехост номи худро ба рӯйхати муҳоҷират ба Саудӣ ворид кунад, гуфт, ду чиз ӯро бозмедорад: камии моҳона ва надонистани забони арабӣ: «Барои 350–400 доллар ба ин кишвари дур яксола рафтан намеарзад. Ин хеле кам. Дар Русия аз ин бештар пул кор кардан мумкин.»

Рӯзи номнависи хоҳишмандони муҳоҷирати корӣ ба Саъудӣ дар маркази Хуҷанд таҷаммӯи зиёди одамон ба назар намерасид. Эҳтимол, аз он ки ин барнома ҳанӯз миёни сокинон зиёд муаррифӣ нашудааст.

Ба гуфтаи намояндагони ширкати «Замони Юнус» рӯзи чаҳоршанбе ҳудуди 50 нафар хоҳиши кор дар кишвари арабӣ кардаанд.

Дар поёни соли 2008, кбарои бори аввал намояндагони хадамоти муҳоҷират дар вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар як нишасти васеъ дар Хуҷанд дурнамои барномаи муҳоҷирати кории тоҷикон, аз ҷумла фиристодани занони тоҷик ба Саъудиро дар миён гузоштанд, он ба мухолифати шадиди табақаҳои мухталифи аҳолӣ, ба хусус рӯҳониён рӯ ба рӯ шуд.

Намояндагони рӯҳониёни расмӣ ва аҳзоби сиёсӣ фиристоодани занҳо барои кор ба кишварҳои арабиро, ки ба бисёрзанӣ иҷоза аст, як кори нанговар хонданд. Аммо Маҳина ном як ҷавонзани хуҷандӣ гуфт, кори шоиставу бо шароити хуб дар хориҷаро аз хориву сахтӣ дар ватан авло меҳисобад.
XS
SM
MD
LG