Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Умеди ҳомиёни ҳуқуқи башар аз сафари Бан Кӣ Мун


Ҳомиёни ҳуқуқи башар умедворанд, ки дабири кулли СММ Бан Кӣ Мун зимни силсиласафараш ба ҳамаи 5 кишвари Осиёи Марказӣ, ки қарор аст, фардо, 1 апрел аз дидори Туркманистон оғоз шавад, масоили ҳуқуқи башарро дар раъси рӯзномаи мулоқотҳояш бо раҳбарони ин минтақа хоҳад гузошт.
Рейчел Денбер, намояндаи созмони маъруфи Ҳюман райтс Вотч, аз ҷониби раҳбари ниҳоди мӯътабаре, чун Милали Муттаҳид, матраҳ шудани масоили ҳуқуқи башарро фавқулодда муҳим хондааст.
Дидори Бан Кӣ Мун аз Тоҷикистон дар чаҳорчӯби ин сафараш ба минтақа ба рӯзи 5 апрел барномарезӣ шудааст.
XS
SM
MD
LG