Пайвандҳои дастрасӣ

Дар манотиқи ҳаммарзи Узбакистон алайҳи густариши ТАЛКО ё корхонаи алюминиюми Тоҷикистон силсилаи тазоҳуроти эътирозӣ доир шуд. Ин дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон 35-уми соли баҳрабардорӣ аз ин корхонаро таҷлил карданд.

Рӯзи 29 март дар шаҳри Шӯрчаи вилояти Сурхондарёи Узбакистон раҳпаймоии эътирозие доир шуд, ки ширкаткунандагонаш алайҳи таъсири манфии фаъолияти ТАЛКО ба муҳити зисти минтақа эътироз карданд.

Бино ба хабарҳо, ҳудуди 200 тазоҳургар дар роҳи ҳаракати қатореи Душанбе-Конибодом намоиши эътирозӣ ташкил намуданд. Рӯзи 28 март чунин пикет ё эътироз дар шаҳри Тирмиз, дар роҳи ҳаракати қатори Душанбе-Маскав барпо шуда буд.

Рӯзи 30 март дар ноҳияи Деҳнави ҳамин вилоят мулоқоти вакилони парлумон ва намояндагони Ҷунбиши экологии Узбакистон бо сокинони ин ноҳия баргузор шуд, ки низ мавзӯъи асосиаш асароти барои вазъи сиҳҳати сокинон ва муҳити зисти ин қаламрав манфии фаъолияти ТАЛКО будааст.

Ҳафтаи гузашта гирдиҳамоиҳои эътирозӣ алайҳи ТАЛКО, бузургтарин корхонаи саноатии Тоҷикистон, дар донишгоҳи Тирмиз ва донишкадаи кишоварзии Деҳнав низ баргузор шуда буд.

Эътирозгарон даъво доранд, ки партобҳои саноатии ТАЛКО ба вазъи зистмуҳитӣ ва сиҳати сокинони минтақаҳои марзӣ дар Узбакистон таъсири гузоштааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG