Пайвандҳои дастрасӣ

Белгия низ пӯшидани бурқаъро манъ мекунад


Кумитаи парлумони Белгия имрӯз бо иттифоқи оро тарҳи қонуни манъи пӯшидани ҳар навъ рӯсарӣ ва либосеро, ки монеъи шиносоии пурраи шахсият шавад, тасвиб кард. Ин қонун, ки минҷумла пӯшидани бурқаъро низ ба занони мусалмон манъ хоҳад кард, ба сари худ дар Аврупо бесобиқа хонда мешавад.
Қонунгузороне, ки аз ин қонун пуштибонӣ карданд, раъйгирии имрӯзаро як паёми хеле қавӣ ба исломгароён меноманд. Қарор аст, тарҳи қонун дар поёни моҳи апрел дар маърази раъйгирии парлумони Белгия гузошта шавад.
XS
SM
MD
LG