Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мавҷи эътирозҳои сокинони Сурхондарё алайҳи ТАЛКО


Бо ташаббуси Ҷунбиши экологии Ӯзбакистон дар навоҳии марзии вилояти Сурхондарё якчанд тазоҳурот алайҳи фаъолияти корхонаи алюминиюми Тоҷикистон сурат гирифтааст.

Ахиран гурӯҳи вакилони парлумони Узбакистон ва намояндагони Ҷунбиши экологии ин кишвар дар ноҳияҳои Деҳнав, Сариосиё ва Узуни вилояти Сурхондарё бо мардуми маҳаллӣ мулоқотҳо баргузор карда, онҳоро ба эътироз алайҳи корхонаи алюминиюми Тоҷикистон даъват намудаанд.

Ирада Зайсева, як корманди Ҷунбиши экологии Ӯзбакистон, тайи сӯҳбати вижа бо бахши тоҷикии радиои Озодӣ гуфт, ҳадаф аз ин мулоқотҳо бо сокинони вилояти Сурхондарё роҳандозии аксуламали густарда дар муқобили зарари корхонаи арзизи тоҷик ба кишти зироат ва ҳаёти мардуми ин вилоят мебошад.

Иддаоҳои Ҷунбиши экологии Узбакистон


Вакилони парлумон ва намояндагони Ҷунбиши экологии Ӯзбакистон аз мардуми вилояти Сурхондарё даъват кардаанд, ки алайҳи ТАЛКО муттаҳид шаванд ва нагузоранд, ки ин корхона экологияи вилоятро вайрон ва мардуми онро ба хатар мувоҷеҳ кунад.

Дафтари матбуоти Ҷунбиши экологӣ мулоқотҳо дар як қатор омӯзишгоҳҳои ноҳияҳои Деҳнав, Сариосиё ва Узунро идомаи ташаббуси донишҷӯёни донишгоҳи давлатии Тирмиз арзёбӣ кардааст.

Бино ба ин манбаъ, гарду заҳри корхонаи арзизи тоҷик пеш аз ҳама ба вазъи экологии ин се ноҳияи ҳамсарҳад бо Тоҷикистон таъсири манфӣ расондааст.

Нигарониҳои пизишкони узбак

Эргаш Искандаров, сарпизишки бахши тирмизии маркази таҳқиқотии ёрии таъҷилӣ, гуфтааст, пайомадҳои ногувори заҳри корхонаи арзиз боиси ташвиши ҷиддии онҳо шудааст. Ба таъкиди ӯ, даҳҳо тифл бемор ба дунё омадаанд.

Пажӯҳишгоҳи эндокринологияи Фарҳангистони улуми Ӯзбакистон пахши газҳои заҳролуди корхонаи арзизи тоҷик ба вилояти Сурхондарёро вазъияти тоқатфарсо арзёбӣ кардааст. Бино ба ин манбаъ, аксари сокинони ноҳияҳои ҳаммарз бо Тоҷикистони вилояти Сурхондарё ба камбуди моддаи йод мувоҷеҳанд.

Гуфта мешавад, чунин ҳол ба вижа занони ҳомиларо ба бемории анемия ё камхунӣ дучор кардааст. Пажӯҳишгоҳи эндокринологӣ гуфтааст, ки бархе аз атфол бо сактаи қалб ба дунё омадаанд, гурӯҳи дигари атфол аз нигоҳи равонӣ комил нестанд.

Вокуниши Тоҷикистон

Ин дар ҳолест, ки як корманди сафорати Тоҷикистон дар Тошканд дар вокуниш ба ин мавзӯъ даъвоҳои ҷониби Ӯзбакистонро бепоя хонд. Ба гуфтаи ҳамсӯҳбати мо, солҳои зиёд гузаштанд ва баъди сӣ ё сиюпанҷ сол маълум шуд, ки ин корхона мардуми Сурхондарёро ба бемориҳои зиёд мувоҷеҳ кардааст.

Мавсуф гуфт, шаҳри Душанбе аз мақарри корхона дар 60 километрии он воқеъ аст ва боз чанд ноҳияҳои дигар дар тарофи ин шаҳр ҷойгиранд. Вале гарду чанги заҳролуд рафта ба мардуми вилояти Сурхондарё таъсири манфӣ гузоштааст. Вай афзуд, ки ин мавзӯъ ба ягон вокуниш ниёз нахоҳад дошт.
XS
SM
MD
LG