Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медведев ҳамлаҳои ахирро кори "террористҳо" номид


Имрӯз бар асари ду таркиш дар шаҳри Қизлари ҷумҳурии Доғистони Русия 12 нафар кушта ва беш аз 20 тани дигар захмӣ шуданд. Раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев ба дунбол гуфт, кишвараш ба “террористҳо” имкон нахоҳад дод, ки дар ин қаламрав "тухми тарсу воҳима" бикоранд: “Ҳадафи террористҳо ба ҳам задани субот дар кишвар, тахриби ҷомиаи шаҳрвандӣ ва азми дар байни мардум коштани тухми тарсу воҳима аст. Мо ба ин иҷозат нахоҳем дод.”
Сарвазири Русия Владимир Путин низ имрӯз гуфт, ҳамлаҳои имрӯза дар Доғистон ва таркишҳои ду рӯзи пеш дар метрои Маскав, ки дар маҷмӯъ мунҷар ба ҳалокати беш аз 50 нафар ва ҷароҳат бардоштани беш аз 100 тани дигар шуд, шояд кори дасти як гурӯҳ бошад.
XS
SM
MD
LG