Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин ҷаноза имшаб ба Душанбе интиқол хоҳад шуд


Сафорати Тоҷикистон дар Маскав мегӯяд, имшаб ҷанозаи Исломҷон Эшназаров, зодаи 25-солаи ноҳияи Турсунзода тавассути хаттсайри ҳавоии Душанбе-Маскав ба Тоҷикистон интиқол дода хоҳад шуд. Шоҳин Самадов, намояндаи сафорати Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, дар сурати омода шудани асноди лозим ҷанозаи Умед Абдураҳмонов, сокини 24-солаи ноҳияи Вахш, Нодирбек Қаршиев , сокини низ 24- солаи ноҳияи Турсунзода, низ имшаб ба ватан фиристода хоҳанд шуд.
Дар таркишҳои рӯзи 29 март дар метрои Маскав, ки 39 кушта ба ҷо гузошт, 3 шаҳрванди Тоҷикистон кушта ва якеи дигар захмӣ шуданд.
XS
SM
MD
LG