Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷасадҳои қурбониҳоро ба Душанбе интиқол медиҳанд


Russia -- The bodies and a destroyed carriage following the explosion at the Park Kultury metro station in Moscow, 29Mar2010
Russia -- The bodies and a destroyed carriage following the explosion at the Park Kultury metro station in Moscow, 29Mar2010

Ҷанозаи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки рӯзи душанбе бар асари таркишҳо дар метрои Маскав кушта шудаанд, ба Душанбе мунтақил хоҳад шуд. Сафорати Тоҷикистон дар Маскав мегӯяд, нисфирӯзи 1-уми апрел ҷасади Исломҷон Эшназаров тавассути парвози Маскав - Душанбе ба Тоҷикистон фиристода мешавад.

Исломҷон Эшназарови 25 сола зодаи ноҳияи Турсунзода мебошад, ки дар таркиши рӯзи 29-уми март кушта шудааст.

Шоҳин Самадов, сухангӯи сафорати Тоҷикистон гуфт, дар сурати омода шудани асноди лозим ҷанозаи Умед Абдураҳмонов, сокини 24-солаи ноҳияи Вахш, Нодирбек Қаршиев, сокини низ 24- солаи ноҳияи Турсунзода, низ имшаб ба ватан фиристода хоҳанд шуд.

Сафорати Тоҷикистон дар Маскав дирӯз хабар дод, ки бар асари таркишҳои рӯзи 29 март се шаҳрванди Тоҷикистон, Умед Абдураҳмонов, Нодирбек Қаршиев ва Исломҷон Эшонов кушта шуданд.

Бино ба маълумоти то кунун ҳосилшуда, ҳамчунин, ду шаҳрванди дигари Тоҷикистон низ бар асраи ин таркишҳо ҷароҳат бардошта ва таҳти назорати пизишкон ба сар мебаранд.

Шаҳрдории Маскав барои дафни ҳар қурбонии ин таркишҳо 37 000 рубл, муодили 1300 доллар ҷудо кардааст. Шаҳрдории пойтахти Русия инчунин ба хонаводаи се шаҳрвади кушташудаи Тоҷикистон ба маблағи 300 ҳазор рубл ваъдаи кӯмак кардааст.

Хароҷоти интиқоли ҷасади ин се шаҳрванди Тоҷикистонро сафорати Тоҷикистон дар Маскав бар дӯш дорад.

Бар асари ду таркиши пайдарпай дар метрои Маскав субҳи рӯзи 29 -уми март 39 нафар кушта ва ҳудуди 70 нафар ҳам захмӣ шуданд.
Мақомоти расмии Русия дар вуқӯъи ин таркишҳо гурӯҳҳои Қафқози шимолиро муттаҳам мекунанд.
XS
SM
MD
LG