Пайвандҳои дастрасӣ

Суръатфизои бузурги аврупоӣ, ки гаронтарин абзори илмӣ дар ҷаҳон аст, ба силсилаи озмоишҳоеро оғоз кард, ки ба гуфтаи донишмандон, дарро бар рӯи кашфиёти муҳиме дар таърихи инсоният боз мекунад.

Дар ин суръатфизои чандкилометрӣ дар марзи Фаронсаву Швейтсария олимон зарраҳои атомиро бо суръати рӯшноӣ ба ҳам заданд, ки иҷоза медиҳад, муаммои оғози офариниши коинот боз шавад. Озмоиши мазкур мисли достони хаёлии илмист.

Донишмандони ҳаяҷонзадаи Маркази аврупоии пажӯҳишҳои ҳастаӣ доир ба эҳтимоли пайдо кардани бӯъдҳои нави коинот ва вақт сӯҳбат мекунанд ва ҳам доир ба кашфиёти “энержии сиёҳ” ва “моддаи нонамоён”.

Фарзияи оғози пайдоиши коинот

Қарор аст, озмоиш дар суръатфизои азим дар маҳалле дар наздики шаҳри Женева ба ин суоли инсоният посух бидиҳад, ки коинот чӣ гуна ба вуҷуд омадааст.

Донишмандон ба ин боваранд, ки таркиши азиме дар хало оғози пайдоиши коинот будааст ва донишмандон мехоҳанд дар суръатфизо бо ба ҳам задани зарраҳои атомӣ чунин таркишеро ба вуҷуд оварда ва бубинанд, ки баъди он чӣ рӯй медиҳад.

Аммо баъзе аз шаҳрвандони ороми шаҳри Женева аз ин ҳама сӯҳбатҳои ҳаяҷонии донишмандон нигаронанд, зеро метарсанд, ки бар асари бархӯрди зарраҳои атомӣ ҳуфраҳои сиёҳе (чёрная дира) ба вуҷуд меоянд, ки дар кайҳон на танҳо саёраҳо, ҳатто нурро ҳам фӯру мебаранд. Ба гуфтаи донишмандон ҳуфраҳои сиёҳ, ситораҳои азими аз ҳам пошидае ҳастанд, ки дар охири умри худ ба ҳалқаи дорои нерӯи азими ҷозиба табдил меёбанд ва бо саргардонӣ дар коинот саёраҳоро фӯру мебаранд.

Нигаронӣ аз пайомадҳои озмоиш

Сокинони Женева аз он нигаронанд, ки ҳангоми ба ҳам кӯбидани зарраҳои атомӣ дар суръатфизои 27-километрӣ дар марзи Фаронсаву Швейтсария ҳуфраҳои сиёҳ ба вуҷуд омада ва шаҳри онҳоро фӯру мебарад. Чизе, ки ба гуфтаи донишмандони Маркази аврупоии Пажӯҳишҳои ҳастаӣ ҳеҷ асосе надорад.

Ин донишмандон рӯзи 30 март ду зарраҳои атомиро бо суръати баробар бо суръати рӯшноӣ ба самти ҳам равон карданд, ки аз онҳо 7 триллион электрон волтс энержӣ ҳосил шуд. Мушкилтарин бахши озмоиш ба ҳам кӯбидани ду зарраи атомист.

Ин кор, ба гуфтаи Стив Майерс, мудири маркази аврупоии пажӯҳишҳои ҳастаӣ, мисли он аст, ки ду сӯзанро аз ду тарафи уқёнуси Атлантик партоб намоянд ва шумо тавре кунед, ки онҳо дар нисфи роҳ, дуруст ба муқобили ҳам ҳаракат кунанд. Дар талошҳои аввал, донишмандон ду маротиба ин корро карда натавонистанд, вале дар марҳилаи саввум ба дастоварди дилхоҳашон нойил шуданд.

Баъди ин Сержо Бертолуччӣ, мудири бахши таҳқиқот дар Маркази аврупоии пажӯҳишҳои атомӣ гуфт, “чизи аз ҳама ҳаяҷоновар дар озмоиш он аст, ки мо чизҳои номаълумро нақшагирӣ мекунем, аз ин рӯ такондиҳандатарин чиз дар озмоиш он хоҳад буд, ки мо ашёи номаълумро пайдо намоем. “

Саҳфаи нав дар таърихи физика


Оливер Бахмюллер яке аз дастандаркорони ин тарҳ ба хабаргузории Ройтерс гуфт, ончӣ ки ба даст оварданд, “қаламрави наверо барои физика боз кардааст”. Муҳимтарин бахши озмоиш, офаридани шароитест, ки баъди лаҳзаҳои таркиши азим дар коинот будааст. Таркише, ки ба гуфтаи олимон, тақрибан 14 миллиард сол ба вуқӯъ пайваста ва дар ниҳоят коинотро бо ситораҳову саёраҳояш ва аз ҷумлаи курраи Замини мо офаридааст.

Донишмандон умедворанд, бо ин озмоиш муаммои зарраҳои Ҳиггсро боз мекунанд, ки бовар меравад, ба ашё вазн дода ва ҷирмҳои осмониро офаридааст.

Дигар ин ки олимон умедворанд, дар озмоиши нодири худ доир ба моддаи нонамоён, маълумоти бештар пайдо хоҳанд кард, ки ба гуфтаи онҳо, чаҳоряки коинотро ташкил медиҳад. Бахши зиёди дигар энержии сиёҳ аст, ки таҳқиқ мешавад. Моддаи намоён танҳо як гӯшаи ками коинотро ишғол кардааст.

20 соли пажӯҳишҳо

Мақомоти Маркази аврупоии пажӯҳишҳои ҳастаӣ мегӯянд, барои арзёбии натиҷаҳои озмоиш вақти зиёде лозим хоҳад шуд. Аммо Фабиола Ганнотӣ - донишманди итолиёӣ гуфт, дастоварди имрӯзаи онҳо, натиҷаи кори 20 сола будааст.

Ин поёни 20 соли талошҳои азими ҷомеаи илмии ҷаҳонист, ки суръатфизо ва радёбҳои печидаи нодирро сохтанд ки бо ҳаҷму фанновариҳои бесобиқа кори бесобиқаеро анҷом медиҳад. Ҳамзамон ин озмоиш оғози даврони ҳаяҷонангези таҳқиқоти физикӣ аст. “

Мушкилоти аввали озмоиши рӯзи 30 март, гӯшзади дигаре аз душвории кори суръатфизо буд, ки барои тақрибан 9 миллиарду 500 миллион доллар масраф шудааст. Моҳи сентябри соли 2008 нӯҳ рӯз баъд аз муаррифи суръатфизо, як бахши соддаи он аз кор монд ва донишмандонро маҷбур кард, то имрӯз мунтазири аз саргирии кори он бошанд.
XS
SM
MD
LG