Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Душанбе аз Сандуқи зиддибӯҳронӣ кӯмак хостааст


Вазорати молияи Тоҷикистон аз Сандуқи зиддибӯҳронии Ҷомиаи ҳамкориҳои АвроОсиё хостааст, ки барои пуштибонӣ аз будҷаи имсолаи ин кишвар 90 миллион доллар ҷудо кунад. Вазири молия Сафаралӣ Наҷмиддинов ба хабаргузории “Азия Плюс” гуфтааст, феълан ин дархости ҳукумати Тоҷикистон дар дасти баррасии Шӯрои Сандуқи зиддибӯҳронии ЕврАзЭС қарор дорад. Оқои Наҷмиддинов изҳори итминон карда, ки дархости Душанбе аз сӯи ин ниҳоди молӣ радд нахоҳад шуд.
Қарордод дар мавриди таъсиси Сандуқи зиддибӯҳронии ЕврАзЭС бо 10 миллиард доллар сармоя моҳи феврали соли гузашта имзо шуда буд. Ин созмон 6 кишвари шӯравии собиқ - Русияву Беларус, Қазоқистону Қирғизистон ва Тоҷикистону Узбакистонро муттаҳид мекунад.
XS
SM
MD
LG