Пайвандҳои дастрасӣ

Аҷсоди кушташудаҳоро ба Душанбе хоҳанд бурд


Бино ба хабарҳо, ҷанозаи се шаҳрванди Тоҷикистон, ки рӯзи душанбе бар асари таркишҳои маргталабона дар метрои Маскав, пойтахти Русия кушта шуданд, имшаб тавассути ҳавопаймо ба Душанбе интиқол дода хоҳанд шуд.
Сафорати Тоҷикистон дар Маскав дирӯз хабар дод, ки дар таркишҳои рӯзи 29 март Умед Абдураҳмонов, сокини 24-солаи ноҳияи Вахш, Нодирбек Қаршиев ва Исломҷон Эшонов, зодагони мутаносибан 24- ва 25-солаи ноҳияи Турсунзода, кушта шуданд.
Шаҳрдории Маскав барои гӯручӯби ҳар қурбонии ин таркилшҳо 37 000 рубл, муодили 1300 доллар ҷудо кардааст.
XS
SM
MD
LG