Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Муллен Қандаҳорро нуқтаи хеле муҳим хонд


Фармондеҳи ситоди муттаҳидаи артиши Амрико адмирал Майк Муллен, ки дар Афғонистон қарор дорад, имрӯз дар Кобул гуфт, ба даст овардани назорат бар шаҳри Қандаҳор дар марҳалаи феълӣ барои Толибон фавқулодда муҳим аст.
Адмирал Муллен дирӯз аз Марҷа, ҷабҳаи асосии амалиёти густардаи нирӯҳои НАТО алайҳи ҷангиёни толиб дар вилояти бо Қандаҳор ҳаммарзи Ҳилманд низ дидан карда буд.
НАТО эълон кардааст, ки тобистони имсол чунин амалиёти густардаро дар Қандаҳор низ ба роҳ хоҳад андохт.
Дар ҳамин ҳол, имрӯз ҳамлаи интиҳорӣ дар ҳошияи Лашкаргоҳ, маркази вилояти Ҳилманд, дастикам 7 нафар кушта ва беш аз 20 нафари дигар маҷрӯҳ шуданд.
Ин ҳамла дар ҳоле иттифоқ уфтод, ки мақомот дар чаҳорчӯби барномаи қатъи кишти хашхош ба як гурӯҳи кишоварзони маҳаллӣ анвоъи дигари тухмӣ ироа мекарданд.
XS
SM
MD
LG