Пайвандҳои дастрасӣ

Саид Ҷалилӣ ба Пекин меравад


Матбуоти расмии Эрон мегӯяд, раҳбари ҳайъати Теҳрон дар музокироти барномаҳои ҳастаӣ Саид Ҷалилӣ фардо, 1 апрел ба хотири баҳси масоили ҳастаӣ бо мақомоти баланпояи Чин ба Пекин сафар мекунад. Ин сафари Ҷалилӣ дар ҳолест, ки вузарои хориҷаи 8 кишвари саноатии ҷаҳон аз гурӯҳи Ҷӣ8 хостори эъмоли фишори бештар алайҳи Эрон ба манзури қатъи фаъолиятҳои ғанисозии ураниуми ин кишвар шудаанд.
Пекин яке аз он қудратҳои муҳими ҷаҳонист, ки дар мавриди ҳимоят аз даври нави таҳримоти байналмилалӣ алайҳи Эрон ҳанӯз дудила аст.
XS
SM
MD
LG