Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афғонистон дар тавлиди ҳашиш низ аввал будааст


СММ мегӯяд, Афғонистон нафақат бузургтарин тавлидкунандаи афюни дунёст, балки дар тавлиди ҳашиш низ ҷойи аввалро мегирад. Гузориши Дафтари мубориза бо маводи мухаддири СММ, ки имрӯз дар Вена нашр шуд, тавлиди ҳашиши афғонӣ, ки аз бангдона ба даст меояд, солона аз 1500 то 3500 тоннаро ташкил медиҳад. Ин ниҳод майдони кишти бангдона дар Афғонистонро аз 10 000 то 24 000 гектар ва ҳосили миёнаи ҳашиш аз ҳар гектарро 145 кило ҳисоб кардааст.
Антонио Мария Коста, мудиромили Дафтари мубориза бо маводи мухаддири СММ, гуфтааст, “кулли анвоъи маводи мухаддир, чӣ афюн ва чӣ бангдона, таҳти назорати онҳоест, ки он қаламравро дар даст доранд, ва як манбаъи дигари таъмини молии чирикиҳост.”
XS
SM
MD
LG