Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боздиди Эмомалӣ Раҳмон аз Сингапур


Сафари давлатии раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Сингапур оғоз ёфт. Оқои Раҳмон имрӯз бо раисиҷумҳури Сингапур Селлапан Раманатан ва бо сарвазири ин кишвари воқеъ дар Осиёи ҷанубӣ-шарқӣ Ли Син Лунг мулоқот дошт ва раҳбари Сингапурро барои сафари ҷавобӣ ба Душанбе даъват кардааст. Як ҳадафи аслии ин сафар ба роҳ андохтани равобити хуби тиҷоратӣ миёни ду кишвар буд, аммо ду ҷониб бо тасвиби як эъломияи муштарак ва як ёддошти тафоҳум дар мавриди ҳамкорӣ миёни идороти дипломатии ду кишвар иктифо кардаанд. Соли гузашта табодули молу коло миёни Тоҷикистону Сингапур ҳамагӣ 84 100 долларро ташкил додааст. Эмомалӣ Раҳмон Фардо, 1 апрел раисиҷумҳури Тоҷикистон бо сафари давлатӣ вориди Бруней-Доруссалом хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG