Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

ТАЛКО 35-сола шуд


Имрӯз ба оғози фаъолияти ТАЛКО, ширкати алюминсозии Тоҷикистон 35 сол пур шуд. Ин бузургтарин корхонаи саноатии Тоҷикистон рӯзи 31 марти соли 1975 дар шаҳри Турсунзода бо номи ТадАЗ, корхонаи алюминсозии Тоҷикистон ба тавлиди маҳсулот оғоз карда, соли 2007 ба ТАЛКО табдил ном кард.
ТАЛКО соли гузашта 360 000 тонна алюминиум тавлид кардааст. Тақрибан 60 дарсади содироти Тоҷикистон аз ҳисоби фурӯши фаровардаҳои ҳамин ширкат ба даст меояд.
Дар арафаи солгарди 35-уми мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани ТАЛКО, дар манотиқи ҳаммарзи Узбакистон ба нишони эътироз ба тавсиъаи ин корхона як силсила тазоҳуроти эътирозӣ доир шуд.
XS
SM
MD
LG