Пайвандҳои дастрасӣ

321 корхона дар Тоҷикистон имсол кор накардааст


Хабаргузории “Авасто” мегӯяд, аз аввали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 321 корхонаи саноатӣ, яъне 39 дарсад аз ҷамъи корхонаҳои саноатии фаъол дар ин кишвар аслан кор накардаанд. Вазорати энержӣ ва саноати Тоҷикистон набуди васоил ва фармоишро аз далоили аслии аз кор бозмондани ин корхонаҳо ном бурдааст. Як манбаъ дар ин вазорат ба “Авасто” гуфтааст, барои мисол, аз 85 корхонаи хиштсозие, ки муҷаввизи фаъолият дарёфт кардаанд, 73 корхонааш фаъол аст, вале беш аз нисфи онҳо имсол натавонистааст маҳсулот тавлид кунад.
XS
SM
MD
LG