Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Як ҳамлаи хунини интиҳорӣ дар ҳошияи Лашкаргоҳ


Ба гуфтаи мақомот, ҳамлаи интиҳорӣ дар вилояти Ҳилманди Афғонистон мунҷар ба ҳалокати дастикам 7 нафар шудааст. Сухангӯи волии минтақа гуфт, бар асари таркиши имрӯза дар ҳошияи Лашкаргоҳ, маркази вилоят, беш аз 20 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Ин ҳамла дар ҳоле иттифоқ уфтод, ки мақомот дар чаҳорчӯби барномаи қатъи кишти хашхош ба як гурӯҳи кишоварзони маҳаллӣ анвоъи дигари тухмӣ ироа мекарданд. Нирӯҳои НАТО дар моҳи феврал алайҳи ҷангиёни толиб дар Ҳилманд амалиёти густардаеро ба роҳ андохтанд, ки асосан рӯи Марҷо, як пойгоҳи умдаи Толибон дар ин минтақаи ҷануби Афғонистон тамаркуз мекард.
XS
SM
MD
LG