Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркишҳои Доғистон 12 кушта ба ҷо гузошт


Имрӯз бар асари ду таркиш дар ҷумҳурии Доғистони Русия 12 нафар кушта ва беш аз 20 тани дигар захмӣ шуданд.
Инфиҷори аввал вақте рух дод, ки мошини милиса аз сохтмони идораи умури дохилаи шаҳри Қизлар берун мешуд.
Вақте муфаттишон ва издиҳоми мардум дар маҳалли таркиш ҷамъ шуданд, як бомбгузори маргталаб дар либоси корманди милиса худро мунфаҷир кард.
Дар байни қурбониён чандин корманди милиса, бо шумули як мақоми баландпоя будаанд.
Ҳамлаҳои имрӯза дар Доғистон ду рӯз баъд аз ду таркиши интиҳорӣ дар ду истгоҳи метрои шаҳри Маскав аст, ки 39 кушта ба ҷо гузошт. Мақомот мегӯянд, таркишҳои Маскавро ду зани маргталаб, ки бо ҷангиёни Қафқози шимолӣ иртибот доштанд, анҷом додаанд.
XS
SM
MD
LG