Пайвандҳои дастрасӣ

Вазирони умури хориҷии 8 кишвари пешрафтаи саноатии ҷаҳон баъд аз баррасии масъалаи барномаи ҳастаии Эрон дар як нишаст дар Канада хостори афзоиши фишори байнулмилалӣ ба Теҳрон шуданд.

Дар ин бора вазири умури хориҷаи Канада Лоуренс Кэннон баъд аз хатми нишасти вазирон дар минтақаи Квебек хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, кишварҳои узви G-8 барои идомаи музокирот бо Эрон дар робита ба барномаи ҳастаии кишвар омодаанд ва аммо чун Теҳрон ба истиқбол гоме пеш намениҳад, онҳо ташдиди фишорро зарур мехонанд.

Вазирони хориҷаи кишварҳои ҳаштгона ба Эрон ҳушдор додаанд, ки бояд ғанисозии ураниюмро мутаваққиф кунад ва ё ба афзоиши таҳримҳои байнулмилалӣ омода шавад.

Дар баёнияи вазирони G-8 аз ҷомеаи байнулмилалӣ даъват шудааст, ки дар муқобили барномаи ҳастаии Эрон тадбирҳои якҷояи қавӣ ва муассир андешанд.

Мавзӯи калидии нишасти вазирони хориҷаи 8 кишвари пешрафтаи саноатӣ, аз ҷумла Амрико, Фаронса, Олмон, Ҷопон, Бритониё, Канада, Итолиё ва бар иловаи Русия, ба масъалаи барномаи атомии Эрон рабт дошт.

Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии ИМА, пас аз ин нишаст бо таъкиди зарурати афзоиши фишор ба Эрон гуфт, мақомоти Теҳрон тайи якуним соли ахир ягон тамоюле барои анҷоми тааҳҳудоти байнулмилалӣ нишон надодаанд.

Кишварҳои ҳаштгона талош доранд, ки бастаи нави таҳримҳо алайҳи Эрон дар Шӯрои амнияти СММ ба тасвиб расад. Аммо Чин, Туркия ва Бразилия, ки низ дорои ҳаққи раъй дар Шӯрои амниятанд, ба таҳримҳои нав дар қиболи Эрон мухолифат мекунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG