Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сербия барои қатли мусалмонҳои Сребренитса узр хост


Шаби гузашта парлумони Сербия қатъномаеро пазируфт, ки дар он Белград барои куштори дастаҷамъии мусалмонҳои Боснӣ дар шаҳри Сребренитса дар соли 1995 расман маъзарат хостааст. Ба иттилоъи хабарнигори Радиои Озодӣ, дар қатънома, ки ба он вакилони эътилофи ҳукмрон раъй додаанд, мақомоти Сербия ба пайвандони қурбониёни ҳодиса изҳори ҳамдардӣ кардаанд ва барои он узр хостаанд, ки натавонистаанд аз ҳалокати тақрибан 8 миллион мусалмонҳо ҷилавгирӣ кунанд. Ва аммо дар ин санад дар бораи генотсид ё наслкӯшӣ чизе гуфта нашудааст. Аҳзоби миллатгарои Сербия ин санадро рад карданд.
Аз ин пеш Додгоҳи байнулмиллии Ҳейг ҳаводиси Сребренитсаро наслкӯшӣ унвон кард ва Сербияро барои он маҳкум намуд, ки аз ин фоҷиа ҷилавгирӣ накардааст.
XS
SM
MD
LG