Пайвандҳои дастрасӣ

Тавсияи Шӯрои давлатии Фаронса дар бораи рӯсарӣ


Шӯрои давлатии Фаронса, органи аслии маъмурии кишвар, тавсия дод, ки аз ҷорӣ кардани манъи комили пӯшидани фаранҷӣ ва рӯсарӣ аз сӯи занҳои мусалмон худдорӣ карда шавад. Ба гуфтаи мансабдорон, тасмим дар бораи манъи пурраи фаранҷӣ ва рӯсарӣ боиси шикоятҳо дар Додгоҳи Қонуни асосӣ ва Додгоҳи аврупоӣ оид ба ҳуқуқи башар хоҳад шуд. Ҳамзамон Шӯрои давлатӣ имкони манъи пӯшидани фаранҷиву рӯсарӣ дар баъзе ҷойҳои ҷамъиятӣ ва муассисаҳои давлатиро баъйид намедонад.
Гурӯҳи вакилон – ҷонибдорони раисиҷумҳур Николя Саркозӣ, мехоҳанд, ки ба парлумони Фаронса тарҳи қонун дар бораи манъи пурраи пӯшидани фаранҷӣ ва рӯсарӣ аз сӯи занҳои мусалмонро пешниҳод кунанд. Ба иттилоъи вазорати умури дохилаи Фаронса, айни ҳол тақрибан 2 ҳазор занҳои мусалмони муқими кишвар ба таври доимӣ фаранҷӣ ё рӯсарӣ мепӯшанд.
XS
SM
MD
LG