Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама зери қонун оид ба бимаи тиббӣ имзо гузошт


Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико, шакли ниҳоии қонун дар бораи ислоҳоти бимаи тиббӣ дар Иёлоти Муттаҳидаро имзо кард. Ин қонун, бо вуҷуди норозигии ҷумҳурихоҳон, аз сӯи Конгресс пазируфта шуд. Баъд аз ин ва имзои қонун аз сӯи раисиҷумҳур дар ҳафтаи гузашта, қонунгузорон ба он чанд тағйиру илова ворид карданд.
Қонун дар бораи ислоҳоти бимаи тиббӣ - бузургтарин ислоҳот дар бахши беҳдоштии ИМА дар даҳсолаи ахир маҳсуб мешавад. Бар пояи он, беш аз 30 миллион амрикоиҳое, ки қаблан бимаи тиббӣ надоштанд, аз хадамоти тиббӣ бархурдор хоҳанд шуд. Ин қонун ҳамчунин барои фаъолияти ширкатҳои бима шартҳои қотеътарро муқаррар кардааст.
XS
SM
MD
LG