Пайвандҳои дастрасӣ

Имрӯз Бан Ки Мун вориди Туркманистон мешавад


Имрӯз сафари расмии Бан Ки Мун, Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид, ба кишварҳои Осиёи Марказӣ шурӯъ мешавад. Ба иттилоъи дафтари СММ, қарор аст, ки Дабири Кулл нахустин сафари худ ба минтақаро аз Туркманистон оғоз кунад. Бан Ки Мун бо мақомоти ин кишвар музокирот ва аз маркази минтақаии Созмони Милали Муттаҳид оид ба дипломатияи созгор дидан хоҳад кард. Сипас Дабири Кулли Созмони Милал ба Қирғизистон, Узбакистон, Тоҷикистон ва Қазоқистон меравад. Бан Ки Мун рӯзи 5 апрел вориди шаҳри Душанбе хоҳад шуд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG