Пайвандҳои дастрасӣ

Обама: Таҳримҳо алайҳи Эрон бояд ба зудӣ ҷорӣ шаванд


Руасои ҷумҳуриҳои ИМА ва Фаронса аз ҳарчӣ зудтар ҷорӣ намудани таҳримҳо алайҳи Эрон пуштибонӣ карданд. Шоми сешанбе Барак Обама ва Николя Саркозӣ дар Вошингтон бо ҳам гуфтушунид доштанд. Баъд аз ин музокирот Обама дар сӯҳбат ба хабарнигорон гуфт, умедвор аст, ки таҳримҳо алайҳи Теҳрон ҳамин баҳор, тайи чанд ҳафтаи оянда ҷорӣ хоҳанд шуд. Николя Саркозӣ гуфт, ки Фаронса дар ин мавзӯъ ҳам бо Амрико ва ҳам бо кишварҳои аврпуоӣ ҳамкорӣ хоҳад кард.
Барак Обама ва Николя Саркозӣ ҳамчунин масоили марбут ба мушкили мубориза бо бӯҳрони иқтисодӣ, ислоҳоти сохторҳои молиявии байнулмилалӣ ва равобити дуҷонибаро баррасӣ карданд.
XS
SM
MD
LG