Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Карзай музокирот бо "Ҳизби исломӣ"-ро идома медиҳад


Ҳомид Карзай, раисиҷумҳури Афғонистон, даври аввали музокирот бо намояндагони гурӯҳи бузурги ошӯбгарон – “Ҳизби исломи”-и Гулбиддин Ҳикматёрро анҷом дод. Бар пояи иттилоот аз Кобул, ҷонибҳо ба созиш расиданд, ки гуфтушунидро то шурӯъи конфаронс оид ба мусолиҳа дар Афғонистон идома диҳанд. Қарор аст, ки ин конфаронси серӯза моҳи май баргузор шавад. Дафтари раисиҷумҳури Афғонистон хабар дод, ки ба нишаст намояндагони даст аз хушунат бардоштаи ҷунбиши “Толибон” низ даъват шудаанд. Қарор аст, ки дар ин конфаронс дар маҷмӯъ 13 ҳазор намояндагони қавму қабоили Афғонистон ва 200 меҳмони хориҷӣ ширкат кунанд.
XS
SM
MD
LG