Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳуввияти ду қурбонӣ шиносоӣ нашудааст


Ҳуввияти ду қурбонии таркишҳои маргталабона дар истгоҳҳои метрои шаҳри Маскав то ҳанӯз мушаххас нашудааст. Дар ин бора вазорати ҳолатҳои изтирории Русия хабар дод. Дар сомонаи интернетии вазорат ному насаби қурбониёни ин ҳамлаи террористӣ нашр шудааст. Бар асари ду таркиш дар истгоҳҳои метрои “Лубянка” ва “Парк культуры” дар субҳи рӯзи душанбе 39 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 80 нафар ҷароҳат бардоштаанд. Миёни қурбониён се шаҳрванди Тоҷикистон низ ҳастанд.
Хабаргузории русии РБК, бо такя ба мақомоти ҳифзи тартибот, дар бораи дар Петербург боздошт шудани се гумонбар дар ин таркишҳо иттилоъ дод ва аммо ин хабар аз сӯи дигар манбаъҳо тайид нашудааст.
Дирӯз ба ёди қурбониёни таркишҳо дар истгоҳҳои метро дар шаҳри Маскав мотами миллӣ эълон шуда буд.
XS
SM
MD
LG