Пайвандҳои дастрасӣ

“Худоро шукр, ки имрӯз ба кор нарафтам. Хати метрое, ки ҳар рӯз ба коргоҳам мерафтам аз ду ҷой таркидаву наздики 40 нафар кушта ва беш аз ҳафтод нафар маҷрӯҳ шудаанд. Худоро шукр, ки ба кор нарафтам, вагарна, кӣ медонад, ҳоло чӣ гап мешуд, зеро ҳамон лаҳзае, ки инфиҷор рух дод, вақти маъмулии ба кор рафтани ман ҳам буд. ”

Ин суҳбати як дӯсти муҳоҷирам буд, ки рӯзи 29 март дар пайи нашри хабари таркишҳои маргбор ҳолпурсиаш кардам ва хушбахтона, ӯ он рӯз бо кадом сабабе ба кор нарафтааст. Вале бо таасуф аз марги даҳҳо нафар, мусофирони метро,ки ин инфиҷорҳо ба зиндагиашон нуқта гузошт гуфт, акнун ҳоли бе ин ҳам на чандон хуби ӯ ва дигар муҳоҷирони ба қавли русҳо сарсиёҳаш боз бадтар хоҳад шуд.

“Корро дигарон мекунанд ва шаттаро мо тоҷикон ё умуман мардуми осиёӣ мехӯрем. Бе ин ҳам номи тоҷик ғулому аробакаш аст ин ҷо ва аслан қадр надорад. Қариб ҳар рӯз фавти ягон ҷавонро мешунавем ва мебинем ин ҷо. Ба ҳисоби расмӣ дар як сол то 300 тоҷик аз сӯи нажодпарастони рус кушта мешаванд ва ин танҳо оморӣ расмӣ. Дар асл шояд ин омор чандин маротиб бештар бошад.”

Ва акнун боз 3 тобути дигар, ба корвони тобутҳои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бо сабабҳои мухталиф ба марг мерасанд, афзуд. Онҳо ҷавонони 23 ва 24 сола буданд, ки бо пои равони худ ва шояд бо ҳазорон умеду орзу роҳи Руссияро пеш гирифта, акнун ҷасади беҷонашон ба Тоҷикистон оварда мешавад.

Ин субҳ сафорати Тоҷикистон дар Руссия хабар додааст, ки шумори кушташудагони тоҷик дар таркиши Маскав на як, балки се нафар будааст. Хабаре, ки қалби ҳазорон муҳоҷири дигари ҷавони тоҷик ва хонаводаҳои онҳоро боз ҳам шикастатар кард.

Воқеан, баробари тамошои наворҳои таркиши 29 март қариб ҳама аз Тоҷикистон ба Маскав занг мезаданд, ҳама кӯшиш мекард бидонад бародар, падар, ҳамсар ё фарзанди ӯ, ки барои дарёфти қути лоямут дур аз онҳо, дар Маскав ба сар мебарад сиҳату саломат ҳаст?
Дирӯз вақте аз кор ба хона баргаштам модарам гуфтанд имрӯз вазъи саломатии ҳамсоязани солхӯрдаамон хеле бад шуд. Чаро? Зеро пас аз дидани хабари таркишҳои Маскав тариқи телевизион зуд ба писари муҳоҷираш занг мезанад, вале телефони ӯ бо кадом сабабе чанд соат хомӯш будааст ва дар ин муддат модари бечора чӣ фикру гумонҳое намекунад, то занги ҷавобии писараш беист ашк рехтаву фишораш баланд мешавад.

Ин мисоли танҳо як ҳамсояи мо буд, вале кӣ медонад дар ин шабу рӯз даҳҳо ҳазор модарони дигар, ки ҳадди аққал як ё ду фарзандашон дар муҳоҷирати корӣ қарор доранд, чӣ ҳол доштанд?

Аммо худи муҳоҷирони кориро, имрӯз мисли он дӯсти ман шояд як чизи дигар, тақдирашон баъд аз ин инфироҷ нигарон кардааст. Зеро ба андешаи аксари онҳо, ин таркишҳо метавонад зиндагии онҳоро дар ин кишвар то ҳадде тағир бидиҳад.

Яъне тафтишу таъқиби бе ин ҳам рӯзафзуни муҳоҷирони кории тоҷик дар хиёбону истгоҳҳои Русия боз ҳам бештар хоҳад шуд.

Ба ҳар сурат, Худо нигаҳбонат бошад, муҳоҷирбачаҳои ноновари тоҷик!!!

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG