Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амалиёти Қандаҳор моҳи июн оғоз хоҳад ёфт


Мақомоти низомии Амрико мегӯянд, нирӯҳои НАТО амалиёти густарда алайҳи ҷангиёни толиб дар Қандаҳори Афғонистонро моҳи июн шурӯъ хоҳанд кард. Як мақоми аршади низомӣ бидуни бурдани номаш гуфтааст, ҳадафи амалиёт ҳанӯз то расидани моҳи шарифи Рамазон аз ин шаҳр берун андохтани нирӯҳои толиб аст.
НАТО гуфта буд, ки амалиёти Қандаҳорро дар тобистон оғоз мекунад, вале таърихаш ҳанӯз маълум набуд.
Нирӯҳои НАТО дар авоили сол чунин як амалиёти густарда алайҳи чирикиҳоро дар вилояти бо Қандаҳор ҳамҷавори Ҳилманд ба роҳ андохтанд.
XS
SM
MD
LG