Пайвандҳои дастрасӣ

Ширкати адмирал Муллен дар шӯрои раҳбарони қабоил


Фармондеҳи ситоди муттаҳидаи артиши Амрико адмирал Майк Муллен имрӯз аз Марҷа, ҷабҳаи аслии амалиёти густардаи таҳти раҳбарии Амрико ба манзури поккории вилояти Ҳилманд дар ҷануби Афғонистон дидан кард. Адмирал Муллен тайи ин сафар дар шӯрои қабоили сокини ин минтақа ширкат варзид. Дар ин ҳамоиш раҳбарони қабоил сохтани роҳҳову мактабҳо ва бемористонҳоро пешниҳод кардаанд. Бино ба гузориши Ройтерс, фармондеҳи аршади амрикоӣ ваъда додааст, ки ин имконот ба зудӣ, вале бо гузашти каме фурсат, муҳайё хоҳанд шуд. Сафари адмирал Муллен ҳамагӣ ду рӯз баъд аз дидори ногаҳонии раисиҷумҳури Амрико Барак Обама аз Афғонистон доир шуд.
XS
SM
MD
LG