Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бозбинии парвандаи "Фемида 007" дар Озарбойҷон


Як додгоҳи таҷдиди назар дар Озарбойҷон ба бозбинии парвандае шурӯъ кард, ки дар он Айюб Каримов, сардабири нашрияи таҳқиқотии “Фемида 007” ба нашри матлаби тавҳиномез алайҳи вазири умури дохила Рамил Юсуфов айбдор мешавад.
Додгоҳи маҳаллӣ рӯзи 3 феврал Каримовро дар паст задани обрӯи Юсуфов муҷрим шинохт ва ба 18 моҳи корҳои ҷамъиятӣ ва ҷарима ба маблағи 15 дарсади маошаш маҳкум кард. Айюб Каримов аммо ба додгоҳи таҷдиди назар шикоят бурда, лағви ҳукми қаблиро тақозо кардааст.
Муҳокимаи ин парванда рӯзи 8 апрел идома хоҳад ёфт.
XS
SM
MD
LG