Пайвандҳои дастрасӣ

Таърихи интихоботи маҳаллии Гурҷистон таъйин шуд


Раисиҷумҳури Гурҷистон Михаил Саакашвилӣ 30 майро рӯзи баргузории интихоботи маҳаллӣ дар ин кишвар таъйин кард.
Дар ин рӯз 1730 маъмури маҳаллӣ дар 64 минтақаи Гурҷистон, аз ҷумла ба мақоми муҳими шаҳрдори пойтахт, шаҳри Тифлисро интихоб хоҳанд кард.
Интихоботи 30 май як имтиҳони ҷиддӣ барои президент Саакашвилӣ дониста мешавад. Эътибори ӯ баъд аз саркӯбии тазоҳуроти мухолифин дар соли 2007, ба таҳкими низоми худкома айбдор шудани ӯ ва ҳам ба маҳзи ба ҷанги пурбохт бо Русия кашонидани Гурҷистон хеле поён рафтааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG