Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

36 фоизи афғонҳо дар фақри мутлақ ба сар мебаранд


Гузориши ҷадиди дафтари куммисари олии СММ дар умури ҳуқуқи башар мегӯяд, таборгароӣ, фасод, адами муҷозот ва тамаркуз ба масоили кӯтоҳмуддати амниятӣ дар ивази барномаҳои рушди дарозмуддат боиси боз ҳам шиддат гирифтани фақр дар Афғонистон шудааст. Бино бар ин гузориш, аз соли 2002 то соли 2009 ба Афғонистон ҳудуди 35 миллиард доллар кӯмак расидааст, вале бо ин вуҷуд тақрибан 9 миллион, ё ҳудуди 36 дарсади ҷамъияти ин кишвар дар ҳоли фақри мутлақ ба сар мебаранд. Гузориш мегӯяд, чунин ҳол мардумро дар пешорӯи таҳдидҳое, чун хушксоливу обхезӣ ё заминларза шадидан осебпазир мегардонад.
XS
SM
MD
LG