Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздиди адмирал Муллен аз Марҷа


Фармондеҳи аршади амрикоӣ адмирал Майк Муллен имрӯз бо як сафари кӯтоҳ вориди ҷануби Афғонистон шуд. Ин сафар ҳамагӣ ду рӯз баъд аз дидори ногаҳонии раисиҷумҳури Амрико Барак Обама аз Афғонистон сурат мегирад. Сухангӯи нирӯҳои байналмилалии кӯмак ба амнияти Афғонистон гуфт, адмирал Муллен аз Марҷа, ҷабҳаи аслии амалиёти густардаи таҳти раҳбарии Амрико ба манзури поккории вилояти Ҳилманд аз ҳузури ҷангиёни толиб, дидан кардааст.
XS
SM
MD
LG