Пайвандҳои дастрасӣ

Баҳси Сребренитса дар парлумони Сербистон


Парлумони Сербистон тарҳи эъломияеро баҳс мекунад, ки дар он қатли оми мардуми мусалмони Сребренитса дар соли 1995 маҳкум мешавад. Давлати рӯ ба Ғарби Сербистон тасвиби ин эъломияро барои раванди мусолиҳа дар нимқораи Балкан ва ҳам барои азми Белград барои пайвастан ба узвияти ИА муҳим мехонад. Аммо аҳзоби қавмгаро ин санадро радд карда, мегӯянд, ки он бояд ваҳшониятҳои содиршуда алайҳи сербҳо дар солҳои ҷанги Бусниро низ дар бар бигирад.
Раҳбарони ақалияти мусалмонҳо дар ҳамин ҳол аз он норозианд, ки тарҳи қатънома вожаи “генотсид”-ро дар қиболи куштори мардуми Сребренитса сарфи назар кардааст. Нирӯҳои серб соли 1995 дар пайи ишғоли ин шаҳраки мусалмоннишин ҳудуди 8000 сокини мардинаашро қатл карданд.
XS
SM
MD
LG