Пайвандҳои дастрасӣ

Медведев хостори ислоҳи қонуни зидди террор шуд


Раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев имрӯз дар пайи таркишҳои хунини дирӯза дар метрои Маскав хостори таҳияи қонунҳои ҷадиди зидди терроризм шуд: “Фикр мекунам, моро лозим аст, ба такмили қонунҳои марбут ба ҷилавгирӣ аз амалҳои террористӣ, аз ҷумла ба ҳамоҳангии кори ниҳодҳои мухталиф, бештар таваҷҷӯҳ кунем.”
Сарвазири Русия Владимир Путин, дар ҳамин ҳол, гуфт, нирӯҳои интизомӣ ба хотири ҷилавгирӣ аз чунин ҳамалот тамоми кореро, ки аз дасташон меояд, анҷом медиҳанд.
Тибқи натоиҷи тафтишоти муқаддамотӣ, ҳамлаҳои дирӯза дар ду истгоҳи метрои шаҳри Маскавро ду зани маргталаб анҷом додаанд. Бар асари ин ду инфиҷор дар истгоҳҳои Лубянка ва Парк Културии метрои Маскав дастикам 39 нафар кушта ва беш аз 60 тани дигар захмӣ шуданд.
Дар Маскав имрӯз ба ёди қурбониёни ҳамлаҳои дирӯза расман рӯзи мотам эълон шудааст.
Касе то ҳол масъулияти ин таркишҳои хунинро бар ӯҳда нагирифтааст. Вале ФСБ, Хадамоти федеролии амнияти Русия мегӯяд, бомбгузорони маргталаб бо ҷангиёни фаъол дар Қафқози шимолӣ иртибот доштанд.
XS
SM
MD
LG