Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дипломати эронӣ дар Покистон раҳо ёфтааст


Эрон гуфт, дипломати дар шимолуғарби Покистон рабудашудааш раҳо ёфтааст. Аббосалӣ Абдуллоҳӣ, консули Эрон дар Пешовар гуфт, Ҳешматуллоҳ Атторзода алакай ба Эрон расидааст. Телевизиони Эрон қаблан бидуни овардани ҷузъиёт хабар дод, ки Атторзодаро маъмурони иктишофии Эрон тавассути як амалиёти мураккаби иктишофӣ аз дасти гаравгонгирон раҳо кардаанд. Ҳешматуллоҳ Атторзода, вобастаи тиҷоратии Эрон дар Пешовар, ҳанӯз дар моҳи ноябри соли 2008 рабуда шуда буд.
XS
SM
MD
LG