Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Имрӯз дар саросари Русия ба поси хотири 39 нафар қурбонии инфиҷорҳоии рӯзи душанбе дар истгоҳи метрои Маскав, мотами саросарӣ эълон шудааст.

Парчамҳо бар фарози биноҳои давлатӣ ба ҳолати нимаафрошта дароварда шудаанд. Ононе, ки мотам доранд, шамъ рӯшан кардаанд ва дар ҷои инфиҷор, ки назидикони худро аз даст додаанд, гул нисор мекунанд. Дар ин ду инфиҷор бештар аз 70 нафари дигар низ ҷароҳат бардоштанд.

Дар шаҳри Маскав тадбирҳои шадиди амниятӣ андешида шудааст ва даромадгоҳҳои метроро пулис зери назорат гирифтааст.

Владимир Путин, нахуствазири Русия ва Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳури ин кишвар қавл доданд, ки афроди дастдошта дар ин ҳамлаи террористиро пайдо ва ба муҷозот мекашонанд, ҳатто ба сарнавишти ҳамин қурбониёни дасти террористҳо гирифтор мекунанд.

Дмитрий Медведев шоми рӯзи Душанбе, вақте, ки дар маҳали ҳодиса дар истгоҳи "Лубянка" гул мегузошт, чунин гуфт: "Ин одамон, ки мо наметавонем онҳоро инсон ном бибарем, фарқ надорад, ки онҳо чӣ сабабе доштанд, ҳар кореро, ки мекунанд, тибқи ҳар қонун ва ахлоқи башарӣ ҷиноят дониста мешавад. Ман шак надорам, ки мо онҳоро дастгир ва нобуд мекунем".

Инфиҷори аввал дар истгоҳи "Лубянка" рух дод, истгоҳе, ки дар болои он бинои Хадамати федеролии амнияти Русия ҷойгир аст.

Гузашта аз ин, инфиҷор ба замоне дуруст омад, ки нақлиёти шаҳри Маскав дар он вақт пуродам буд ва ҳама ба кор мешитофтанд. Дар ин инфиҷор 23 кас кушта шуд.



Садои инфиҷори дуввум баъд аз 40 дақиқа дар истгоҳи метрои "Парк Култури" ба ҳаво печид ва дар он 12 нафари дигар кушта шуданд. 4 нафари дигар аз ҷароҳатҳои сангин дар бемористон ҷон доданд.

Инфиҷор замоне рух додааст, ки қатори метро вориди истгоҳ шудааст. Мақомоти Русия мегӯянд, ба бовари онҳо ҳар ду инфиҷорро занони маргталаб анҷом додаанд. Ҳеҷ гурӯҳ ё шахсе масъулияти ин инфиҷорҳоро бар ӯҳда нагирифтааст, вале Александр Бортников-раиси Хадамоти федеролии амнияти Русия гуфт, ки дар ин инфиҷорҳо нишонаҳое дида мешавад, ки маргталабон бо шӯришёни Қафқози Шимолӣ иртибот доранд. Шӯришиён иддао карда буданд, ки дар берун аз минтақаи худ даст ба ҳамлаҳои маргбот хоҳанд зад.

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия мегӯяд, ки мумкин аст дар марзи миёни Покистону Афғонистон чунин бамгузориҳоро ба маргталабон ёд додаанд.

Оқои Лавров дар ҷараёни ширкаташ дар мулоқоти вазирони корҳои хориҷаи кишварҳои ҶӢ-8 дар Кубетс гуфт, ки ҳамлаҳои шаҳри Маскав бахше аз ҳамлаҳои шабакаи байналмиллалии террористист.

Ӯ гуфт: "Ҳамаи ин моро бештар ба зарурат мебарад, кӯшишҳои моро дар арсаи байналмиллалӣ ҳамоҳанг месозад, то роҳ надиҳем, ки террористҳо, яъне ононе, ки созмон медиҳанд, нақша мекашанд ва аъмоли террористиро сармоягузорӣ мекунанд, натавонанд худро дар ҳеҷ ҷои дунё амн эҳсос кунанд. Ин шабакаи сартосарии терорроистист ва бо тероризми байналмиллалӣ танҳо бо масоии муштарак бар асоси тасмимоте метавон мубориза кард, ки маҳофили байналмиллалӣ, ба вижа СММ қабул кардааст".

Мақомоти Русия чеҳраи тақрибии мардеро, ки ба ду зани маргталаб кӯмак кардааст, ба пулис додаанд. Ба эътиқоди мақомоти амниятӣ ду зани дорои чеҳраи славянӣ низ ба ин ду зани маргталаб кӯмак кардаанд, то онҳо ба метро савор шаванд.

Маҳофили байналмиллалӣ билофосила ин аъмоли террористиро маҳкум карданд. Аз ҷумла Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико гуфт, ки барои ба сазои аъмолашон расондани дастандаркорони ин амали терорристӣ ба Русия кӯмак мекунад.

Ҳилларӣ Клинтон, вазири корҳои хориҷии Амрико низ гуфтааст, ки "терроризм душмани муштараки ҳама аст".

Вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Ҷӣ-8 ҳамаашон инфиҷорҳои Маскавро маҳкум карданд.

Дар ин инфиҷорҳо 3 шаҳрванди Тоҷикистон низ ҷон додаанд ва ҳади ақал як нафар ҳам захм бардоштааст.
XS
SM
MD
LG