Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Амири Бошқирдистон" боздошт шуд


Башир Плиев, ки дар миёни чирикиҳои Қафқози шимолӣ бо лақаби “Амири Бошқирдистон” маъруф буд, аз ҷониби маъмурони ФСБ, Хадамоти федеролии амнияти Русия, дар вилояти Челябинск, дар наздикии ҷумҳурии Бошқирдистон боздошт шудааст. Мақомот Плиевро ба таъсиси гурӯҳи ифротгаро дар Бошқирдистон айбдор мекунанд.
Рӯзномаи “Коммерсант”, чопи Маскав, дирӯз хабар дод, ки рӯзи шанбе дар ҷараёни як амалиёти густардаи амниятӣ дар минтақаи Октябрская 8 узви як гурӯҳи ифротгарои мазҳабӣ боздошт шуданд, вале ба навиштаи ин рӯзнома, Башир Плиеви 44-сола ва як тани дигар тавонистаанд фирор кунанд.
XS
SM
MD
LG