Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Тангем"-ҳоро аз ҷодаҳои пойтахт "мерӯбанд"


Мақомоти шаҳри Душанбе дастур додаанд, ки мусофирбарҳои навъи “Тангем”, сохти Чинро дар ҷодаҳои пойтахти Тоҷикистон батадриҷ бо анвоъи амнтари нақлиёт иваз кунанд. Хабаргузории “Азия Плюс” аз қавли муовини шаҳрдори Душанбе Абдуҳомид Шералиев навишт, ки ҳадаф аз ин иқдом таъмини амнияти мусофирон аст. Оқои Шералиев гуфт, бо айби ронандагони “Тангем”-ҳо дар ин авохир як силсила садамаҳои нақлиётӣ рух дод, ки мунҷар ба ҳалокати афрод шуд.
Барои он ронандагоне, ки ба истифодаи “Тангем” дар пойтахт идома медиҳанд, 75 сомонӣ ҷарима таъйин шудааст.
XS
SM
MD
LG